Дар Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ) ва Кодекси ҷиноятӣ (КҶ) мавриди амал қарор гирифтанд, ки мувофиқи онҳо барои надоштани ниқоб ва паҳнкунии маълумоти носаҳеҳ ҷаримаҳо пешбинӣ гардида, барои паҳнкунии коронавирус бошад, муҳлатҳои маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.

Матни тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон имрӯз дар нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” нашр шуд.

Мувофиқи моддаи 2-и матни тағйирот, қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Бино ба тағйирот, минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима шуда, барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шахс ба муҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи бемориҳои хатарноки сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тариқи ВАО ва интернет ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Матни тағйирот бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев қаблан ба мо шарҳ дода буд, ки тағйирот бояд на пештар пас аз як моҳи интишори расмии он ҳуқми қонунӣ гирад.

“Зеро дар моддаи 75, қисми 4 Қонуни ҶТ “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” зикр шудааст: “Санади меъёрӣ-ҳуқуқие, ки масъулияти ҳуқуқиро муқаррар ё пурзӯр мекунад, андозҳои нав ва вазъияти андозсупорандаро бад мекунад, на пештар пас аз як моҳи нашр расмии он мавриди амал қарор мегирад”, - чунин шарҳ дода буд қонунгузориро ҳуқуқшинос.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз палатаи болоии парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки тағйирот имрӯз ҳукми қонунӣ гирифтанд ва ин қарор дар робита ба пандемия қабул шудааст.

“Дарвоқеъ, мутобиқи моддаи дар боло зикршудаи қонун, тағйирот бояд на пештар пас аз як моҳи нашр расмии он мавриди амал гирад. Аммо бо назардошти вазъияти кунунӣ ва зарурати ҷиддии мубориза бо пандемияи коронавирус, қонунофарон тасмим гирифтанд, ки онҳо дарҳол пас аз нашри расмӣ ҳукми қонунӣ мегиранд. Ин дар тағйирот зикр шуда, аз ҷониби ҳар ду палатаи парлумон дастгирӣ ёфт ва президенти кишвар онро имзо кард”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.