Сарбози хизмати ҳатмии яке аз қисмҳои низомии Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон Отабек Иброҳимов 17 сангро фурӯ бурдааст, ки то ки ӯро бемору корношоям эътироф карда, аз хизмати ҳарбии минбаъда озод кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Иброҳимов моҳи ноябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, лекин аллакай баъди як моҳ ба душвориҳои хизмат тоб наоварда, 7 дона санг мехӯрад ва дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бистарӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ҳангоми муолиҷа дар ин беморхона хизматчии ҳарбӣ боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Дар натиҷа ӯ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 376, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар, ки такроран содир шудааст) гунаҳкор дониста шуд.

Бо ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Отабек Иброҳимов ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.