Зодаи Тоҷикистон барои баргузории намозҳо дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ дар шаҳри Тулаи Русия ба маблағи 30 ҳазор рубл ҷарима шуд. Суд дар бораи хориҷ кардани ӯ аз кишвар низ қарор қабул кард.

Тавре МК.ру Тула хабар медиҳад, мақомоти пулис муайян кардааст, ки дар ҳуҷра то 15 нафар барои адои намоз ҷамъ мешудаанд. Дар ҳуҷра адабиёти мусулмонӣ низ дарёфт шудаааст. Мақомоти суд ин амалҳоро аломати фаъолияти ғайриқонунии таблиғотӣ арзёбӣ кардааст.

Дар ҳуҷрае, ки зодаи 27-солаи Тоҷикистон намоз барпо мекард, тиреза бо матои ҷойхоб пӯшонида шуда, дар зертахтаи тиреза соат гузошта шудааст, ки вақт дақиқ муайян карда шавад. Дар канори ҳуҷра рафи китоб ҷойгир буда, дар фарш мизи китобхонӣ ва ҷойнамозҳо гузошта шудааст.

1/2

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наздики 10 нусха китобу китобчаҳои диниро мусодира кардаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар онҳо иқтибосҳо аз китоби Қуръон нашр шудаанд.

1/2

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, ин мард талаботи қонунро, ки дар он гуфта мешавад, фаъолияти таблиғгарӣ дар қаламрави макони зист бе иҷозаи раҳбарияти иттиҳодияи динӣ манъ аст, риоя накардааст.

Маълумоти тундгаро будани ин гурӯҳи динӣ дар сатҳи тахмин боқӣ мондаанд. Лекин барои роҳ надодан ба такрор шудани чунин амалҳо, бо қарори суд мард аз Русия хориҷ гардида, инчунин дар ҳаҷми 30 ҳазор рубл ҷарима шудааст.

Саримоми шаҳри Тула Ришат Давидов дар суҳбат бо хабарнигори «МК в Туле»  изҳор доштааст, ки “агар ин гурӯҳ расмӣ мебуд, роҳбари он ҳатман бо ӯ дар робита мешуд, то ки ҳамаи масъалаҳо, аз ҷумла чӣ гуна роҳандозии фаъолияти таблиғгариро баррасӣ намояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.