Кормандони пулиси вилояти Оренбурги Русия дар шаҳри Орск мардеро боздошт намуданд, ки 23 сол инҷониб таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

Тавре портали Orenday.ru хабар медиҳад, ин мард дар ҷараёни амалиёти пешгирии “Нелегал” (Муҳоҷири ғайриқонунӣ) боздошт шуда, маълум гардидааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, мавриди кофтукови байнулмилалӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, марди 42-сола аз ҷониби ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар як силсила ҳодисаҳои куштор мавриди кофтукови байнулмилалӣ эълон шудааст.

“Ба туфайли маҳорати касбии кормандони пулис, марди мавриди кофтуков бидуни истифода аз силоҳ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро истирдод ба Тоҷикистон интизор аст”, - қайд кардаанд дар Раёсати ВКД Русия дар вилояти Оренбург.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.