Сокинони ноҳияи Синои пойтахт ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гимназияи “Кафолат”, ки дар наздикии хонаашон воқеъ аст, ғайриқонунӣ панҷараи атрофи манзили онҳоро кӯчонидааст, то ки қаламравашро васеъ кунад.

Онҳо навори видеои кӯчонидани панҷара (девор)-ро ирсол карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар гиманазияи “Кафолат” дар мавиди ин масъала гуфтанд, онҳо ҳама корҳоро бар асоси қонун иҷро карда истодаанд.

“Соли гузашта дар яке аз ҷаласаҳо бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим оид ба масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолият нақшае қабул шуд, ки дар он пешниҳоди мо низ дар бораи бунёди бинои иловагии гимназия ворид шуд. Пас аз ин дар муддати сол ҳуҷҷатҳои зарурӣ гирифта шуданд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” директори гимназияи “Кафолат” Шариф Шарифхоҷа.

Ба гуфтаи ӯ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 1 ноябри соли 2019 таҳти №683 дар бораи ҷудо гардидани 23 сотих қитъаи замин барои сохтмони бинои иловагии гимназия амр ба имзо расонид.

1/2

“Ҳамаи мақомоту сохторҳо ба сохтмон иҷоза доданд. Намояндагони Кумитаи замин ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе омада, қитъаи заминро ҷудо карданд. Қисме аз қитъаи замин дар қаламрави гимназия ва 9 сотих қисмати дигараш аз назди хонаи сеошёна мегузарад”, - шарҳ дод ӯ.

Шарифхоҷа қайд кард, ки вақте онҳо сохтмонро оғоз карданӣ шуданд, сокинони хона бо арзу шикоят ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент, суд ва шаҳрдории пойтахт муроҷиат карданд.

“Дар посух ба арзу шикояти онҳо мо ҳам ба прокуратураи шаҳи Душанбе муроҷиат кардем. Баррасии парванда ба дӯши прокуратураи ноҳияи Сино вогузор шуд. Рӯзи 20 июн Умед Раҳмонзода, прокурори ноҳияи Сино дар бораи бартараф намудани қонуншиканӣ аз ҷониби сокинон ҳалнома содир кард. Ҳалнома ҷиҳати иҷро ба сохторҳои дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ фиристода шуда, онҳо ду маротиба панҷара (девор)-и хонаро кӯчониданӣ шуданд, лекин сокинон ба онҳо халал расониданд”, - иброз дошт Шариф Шарифхоҷа.

Зимнан зикр шуд, ки рӯзи 13 июл муовини аввали раиси ноҳияи Сино ҳамроҳ бо намояндагони ШВКД-и ноҳия ба ҷойи сохтмон омада, танҳо баъди ин муяссар шудааст, ки девор кӯчонида шавад.

“Рӯзҳои наздик ба корҳои сохтмон оғоз карданием”, - илова кард директори гимназия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.