Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи умумии Суди вилояти Хатлон Фаридун Азиззода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, Фаридун Азиззода аз шаҳрванд А.З., ки парвандаи ҷиноятияш бо моддаи 247 (Қаллобӣ) дар баррасии Суди вилоят буд, бо ваъдаи мусоидат ба ҳукми сабуктар 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
“Фаридун Азиззода ба шаҳрванд А.З. ваъда додааст, ки нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бидуни дур кардан аз мансаби ишғолкардааш таъин мешавад. Ӯ дар аввал аз шаҳрванд А.З. 14 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Зимнан мувофиқа шудааст, ки 1000 сомонии боқимондаро пас аз иҷрои кор мегирад”, - гуфт муовини прокурор.
Вай афзуд, ки 2-юми июни соли 2020 ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон қабул гардида, шаҳрванд А.З. бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гунаҳгор дониста шудааст. Нисбат ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ба ҷавобгарии моддӣ алоқаманд таъин гардидааст.
Бандишозода мегӯяд, Фаридун Азиззода рӯзи 3-юми июн аз шаҳрванд А.З. 1000 сомонии дигар талаб мекунад. Ӯро баъд аз гирифтани маблағи зикршуда кормандони мақомоти прокуратура дастгир карда, маблағи 1000 сомониро аз мошини шахсияш ёфта, гирифтанд.
“Нисбат ба Фаридун Азиззода бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад ва ҳафтаи оянда парванда барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол карда мешавад”, - гуфт муовини прокурори вилояти Хатлон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста