Миёни маҳкумшудагон дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи ноябри соли гузашта 4 нафар занон ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор дошт, ки вобаста ба ин парванда дар умум 9 нафар ба муҳлатҳои аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шудаанд.

“Бо қарори Суди олӣ аз 20 апрел 4 хизматчиии ҳарбӣ, 4 нафар занон ва 1 мард ба иштирок дар ҳамла гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлатҳои аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум шуданд”, - гуфт Шоҳиён.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи ба чӣ гунаҳкор дониста шудани хизматчиёни ҳарбӣ маълумот надода, танҳо қайд кард, ки баррасии парванда “махфӣ” сурат гирифта, ӯ ба ифшои дигар ҷузъиёти он ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Дар ҷараёни ҳамла онҳо 5 автомати Калашниковро тасарруф намуданд. Мақомоти қудратӣ 15 нафар ҳамлагаронро кушта, 5 каси онҳо боздошт шуданд. Дар тирпарронии дуҷониба прапоршики Қӯшунҳои сарҳадӣ ва корманди ВКД Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамлагарон аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.