Нилуфар Раҷабова – ҷавонзане, ки 14-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида, бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, аз кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино талаб дорад, телефони мобилияшро баргардонанд.

Нилуфар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъд аз ҳафт моҳ маҷбур шудааст, ин масъаларо боз расонаӣ кунад. Зеро иҷрочиёни қарорҳои додгоҳӣ аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 20-уми июл ба ӯ як санади расмиро фиристода, зимнан тақозо кардаанд, дар муддати 10 рӯз маблағи ҷаримаро бипардозад. Ҳушдор низ додаанд, ки дар ҳолати саркашӣ нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

1/2
Ин ҷавонзан мегӯяд, айни ҳол маблағи кофӣ надорад ва танҳо баъд аз бозпас гирифтану фурӯхтани телефон пули ҷаримаро супорида метавонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар телефони мобилияш якчанд акси ҳуҷҷатҳои тиббии фарзандони бемораш буданд. Аммо бо сабабҳои номаълум кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино то ҳол онро ба ӯ надодаанд.

Роҷеъ ба ин масъала хабарнигори “Азия-Плюс” бо кормандони ШКВД-2 дар ноҳияи Сино тамос гирифт ва онҳо гуфтанд, ки шаҳрванд Нилуфар Раҷабова метавонад бевосита ба ин шуъба ҳозир шуда, маълумоти лозимаро бигирад.

Рӯзи 20-уми июл Нилуфар ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ ариза навишта, хоҳиш кардааст, ки телефони мобилияш баргардонида шавад. Дар акси ҳол ӯ навиштааст, ки ба мақомоти байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳад кард.

1/4

Кӯдакони бемору шароити вазнин

Нилуфар мегӯяд, вазъи саломатии фарзандонаш хуб нест, зеро онҳо гирифтори бемории “кӯдакони булӯрин” (“хрустальные дети”) мебошанд ва устухонҳои баданашон ҳар сари чанд вақт мешиканад.

“Ба судиҷрочиён фаҳмондам, ки нафақаи фарзандони маъюбам 540 сомониро ташкил медиҳад. Ман дар ягон ҷо кор намекунам. Агар ин маблағро ҷарима пардозам, фарзандонам чӣ мехӯранд?”, - пурсон шуд ҷавонзан.
“Ҷаримаро дар ҳолате пардохта метавонам, ки телефонамро баргардонанд. Онро фурӯхта, маблағи лозимаро то вақти муқарраршуда месупорам”, - илова кард ӯ.
1/3

Бозтоби расмии қазия

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 7 ноябри 1990, сокини шаҳри Душанбе 14-уми декабр дар кӯчаи Карамоваи пойтахт ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони кабеҳи таҳқиромез зада, ҳуқуқвайронкунӣ содир намудааст.

“Абдуллоева Р.Х. маҷбур шудааст, оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. 18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид”, - навишта буд сомонаи хабарии ВКД.

Аммо Нилуфар изҳор дошт, ки ҳеҷ касро суханони қабеҳ нагуфтаву таҳқир накардааст.

Танбеҳи корманди масъули давлатӣ

Дар робита ба қазияи боздошти ҷавонзани ҳиҷобдор Нилуфар Раҷабова як корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ танбеҳ гирифт.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева рӯзи 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт: “Он корбарие, ки маҳз аз ҷониби зерсохтори мо шуда буд, албатта, рафтори корманди мо нодуруст буд. Дар ҷаласаи назди раиси Кумита ин масъала аллакай баррасӣ шуд ва ҳатто он корманди мо танбеҳ гирифт. Корбарӣ на ба ин тарз бояд карда шавад. Ба он тарзе бояд корбарӣ шавад, ки шаъну шарафи инсон поймол нагардад”.

Номаи кушод ба Озода Раҳмон

Нилуфар Раҷабова 12-уми январи соли ҷорӣ ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш карда буд, ки барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Ӯ нусхаи мактубро ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфта буд, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

Дар ин номаи кушод аз ҷумла навишта буд: “Хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане ... поймол шавад”.