Собирзода Зайдулло Фозил дар вазифаи судяи Суди шаҳри Ҳисор кор карда, ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин кардани ҷазои сабуктар 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Собирзода 12-уми апрели соли равон маблағи 10 ҳазор сомониро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Зайдулло Собирзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20 ҳазор сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Собирзода З.Ф. бо моддаи 319 қисми 3 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.