Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи 391 млн сомонӣ маблағҳои “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Дар доираи парвандаи мазкур наздики 40 корманди масъули “Агроинвестбонк” (аз ҷумла кормандони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд”, - хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Қутбиддин Сафарзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтиши парвнадаи ҷиноятии зикршуда муфатттишон мақсад гузоштаанд, ки далелҳои пешниҳоди қарзҳои ғайриқонунӣ, азхудкунӣ ва сарфи беҳудаи онҳоро ошкор кунанд.

“Баъзе ҷузъиёти парванда набояд ифшо гардад, - қайд кард Сафарзода. - Дар пеш моро кори тӯлонӣ ва дақиқназарона интизор аст”.

Дар идома зикр шуд, ки “давлат дар ниҳояти кор ба он ноил хоҳад гашт, ки амонатҳои саҳмдорони бонк баргардонида шавад”.

Чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.