Вобаста ба ҳолати сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус нисбат ба сарвари он парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар ин бора Садриддинхон Султонзода, сардори раёсади Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Баъд аз сӯхтор мутахассисони мо санҷида, маълум карданд: сӯхтор аз хати барқи иловагии бозор сар задааст, ки барои равшанидиҳӣ ва таъмини яхдонҳо бо барқ кашида шудааст. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки тахминан 10 рӯз қабл сӯхтори хурде рух додааст, вале онро аз мо пинҳон кардаанд. Аз натиҷаи санҷиш нисбат ба сарвари бозор Насим Каримов ва барқчии он Маҳмадулло Давлатов бо моддаи 192 қисми 2 КҶ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, ба суд фиристода шудааст”, - гуфт сардори раёсат.

Султонзода изҳор дошт, ки бар асари ин сӯхтор ба бозор ва соҳибкорон беш аз 4 миллион сомонӣ зарар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 24-уми май ба амал омад. Бар асари он қисми зиёди нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои бозор сӯхт.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, азнавсозии ин бозорро “Тоҷикматлубот” бар уҳда гирифта, нуқтаҳои савдоро барқарор хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.