Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3 август тариқи шабакаи Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳангоми дар аквапарки «Делфин» қарор доштанаш ҷавонписари тахминан 20-25-сола нисбаташ суханҳои таҳқиромез зада, ӯро назди модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ин ҳам дар ҳоле будааст, ки дар ин рӯз хизматрасонӣ танҳо барои занон пешбинӣ гардида, воридшавии мардон қатъиян манъ буда, вале бар хилофи муқаррароти мазкур дар дохили он ҷавонписарон низ гаштугузор менамуданд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори санҷишӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҷавонписари дар расм инъикосёфта шаҳрванд Юсуфзода Фарҳод Туйчӣ, соли таваллудаш 13.03.1996, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

Фарход Юсуфзода
dushanbepolice.tj

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчун мутахассис (инструктор) оид ба шиноварӣ дар муассисаи фароғатии аквапарки «Делфин» фаъолият карда, дар ҳақиқат дар вақти мамнӯъ вориди майдони асосии аквапарк гардида, бар замми он нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалгуфторӣ намудааст”, - омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба ӯ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (406 сомонӣ) ҷарима таъин шуд.

скриншот аз навишта дар Фейсбук

Зикр мегардад, ки илова бар ин, бо пешниҳоди мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Фарҳод Юсуфзода аз вазифаи мутахассис (инструктор) оид ба шиноварии аквапарки «Делфин» озод карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.