Дар кӯчаи Маяковский рӯзи 6 август як нафар ҷавонписар барои шикастани оинаи истгоҳи наву замонавӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дастгир шуд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов соли таваллудаш 1992 зодаи н. Фархор истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский мебошад.

Номбурда санаи мазкур тақрибан соати 03:00 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ бо дастонаш оинаи қисмати чапи истгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковский назди бинои № 65-ро зада шикастааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шуд.

Гуфта мешавад, илова бар ин аз ҷониби волидайни ҷавон зарари расонидашуда барқарор гардида, оинаи шикасташуда харидорӣ ва насб карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.