Сокини шаҳри Ҳисор моҳҳои сентябр - октябри соли 2019 дар маҳалли зисташ худро муллои ҷинбарор эълон намуда, ба ном табобати шахрвандонро бе доштани маълумоти расмии динӣ дар намуди маҳсгароӣ, дуохонӣ, аз бадан баровардани ҷин, сеҳру ҷоду ва бахткушоӣ ба роҳ монда, бо суистифода аз боварӣ барои табобат маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Ҷӯрабой Сочаев моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ба охирин ваъда медиҳад, ки аз баданаш ҷин ва сеҳру ҷодуро мебарорад, ки дар натиҷа номбурда шифо меёбад ва арзиши табобатро 3 ҳазор сомонӣ муқаррар мекунад.

“Шурӯъ аз ҳамон лаҳза то аввалҳои моҳи январи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварии номбурда дар ҳафта як-ду ва дар маҷмӯъ даҳ маротиба дар манзили истиқоматӣ бо суистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медиҳад. Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд “А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи боло зикршуда бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда танҳо 1600 сомонии ӯро тасарруф менамояд. Аммо аз ин табобат дар саломатии шаҳрванд “А” ягон беҳбудӣ пайдо нагардида, аз ин кирдорҳои ҷиноятии Сочаев Ҷ.Н. ба охирин зарари калони моддӣ расонида шудааст”, - мегӯяд манбаъ.

Инчунин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев Ҷ.Н. муайян ва ошкор карда шудааст.

Номбурда бо чунин тарзу усул дар давоми аз охирҳои моҳи январ то 25 феврали соли 2020 чунин амалҳои зишти худро нисбат ба 5 нафар шаҳрвандон бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо анҷом дода, бо ин кирдорҳои барқасдонаи худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 (ҳаракати бадахлоқона) қисми 1 ва 247 (қаллобӣ) қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир менамояд.

Нисбат ба Сочаев Ҷ.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор аз 21 майи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.