Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад, ки омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мунира Негматова аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8 ҳазор доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин асос нисбат ба Негматова М.М. бо моддаи 247 (қаллобӣ) қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.