Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 14 ронандаи автомашинаи гаронарзишро барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои назоратӣ дар роҳҳои марказии пойтахт муайян карда шуд, ки аксари ронандагоне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ мебошанд.

“Ронандагон Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври дағалона вайрон намуда, автомашинаҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва муқобили самт беназорат гузоштаанд, ки аз як ҷиҳат боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт гардида, аз ҷониби дигар, сабаби норозигии шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо ба мақомоти милитсия гардидааст”.

Гуфта мешавад, ронандагони автомашинаҳои мазкур ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Ронандагони ин воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.