Полковники Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони порагирӣ дар Душанбе боздошт шуд.

Бино ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, ӯро кормандони ҳамин Кумита ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт намудаанд.

“Кормандони КДАМ рӯзи 17-уми август мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ полковник Ҷонибек Маҳмадзодаро ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир карданд”, - қайд мешавад дар хабари Кумита.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода нашуда, зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.