Дар ноҳияи Шаҳринав ронандаи масти фирорӣ, ки чор нафар пиёдагардро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст, боздошт гардид.

Ба иттилои ВКД, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба вуқуъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи 32-сола Журабек Менглиев, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бархӯрдааст. Пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро пахш менамояд, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатияшон, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Инчунин, ронандаи автомобили «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 96-70 АМ 03 Журабек Менглиев баъди содиршавии садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 (идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад) қисми 5 ва 127 (дар хатар Монондан) қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.