Мақомоти милитсияи Душанбе ба ошкор кардани қонуншиканон тариқи наворҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ расида идома медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он шабона дар кӯчаҳои Душанбе як мусофири таксӣ тани худро аз тирезаи автомашина берун карда, дигарӣ доду фарёд мекард.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар навор сокини ноболиғи шаҳр сабт шуда, таксирон бо мушоҳидаи ин ҳолат, на ин ки монеи амалу кирдори ғайриахлоқии мусофирони худ гаштааст, балки дидаву дониста дар ҳолати хатарноку садамавӣ ба идора намудани автомашинаи худ идома додааст”, - қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, мусофири дигари таксӣ сокини шаҳи Ваҳдат Алиҷон Анақулови 41-сола дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат садои худро баланд намуда, оромии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст.

Бо қарори суд таксирон Сайнуриддин Идрисов ба 7 шабонарӯз ва мусофири “ҳофиз”-и автомашина ба 8 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Зикр мегардад, ки мусофири ноболиғи таксӣ шартан ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима шуда, волидони ӯ огоҳии қатъӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.