Бо истифода аз муддати 4 моҳ инҷониб муваққатан баста будани масҷидҳо дар Тоҷикистон бар асари пандемия, шахси қаблан судшуда дар як муддати кӯтоҳ дар 16 масҷиди ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён даст ба дуздӣ задааст.
“Нисбат ба сокини ноҳияи Вахш Шамсиддин Давлатови 39-сола, ки ба як силсила дуздиҳо гумонбар дониста мешавад дар зодгоҳаш ва ноҳияи Кӯшониён ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ӯ дар содир намудани дуздӣ дар 16 масҷиди ноҳияҳои зикршуда, ки аз онҳо манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), мониторҳо, камераҳои мушоҳидавиро тасарруф намудааст, гумонбар дониста мешавад.
Зикр мегардад, ки Давлатов қаблан барои даст доштан дар ҷиноятҳои ба ин монанд ва қаллобӣ ду маротиба маҳкум шудааст.
Дар бораи маблағи зиёни расида ба масҷидҳо маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки масҷидҳои Тоҷикистон аз 18-уми апрел бастаанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус баргузории намозҳои дастаҷамъона, намози ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ кард. Намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон ва Иди Қурбон низ баргузор нашуд. Танҳо ба намози ҷаноза ва он ҳам бо иштироки начандон одамони зиёд иҷоза шуд.
Ҳанӯз рӯзи 4-уми март Шӯрои уламо ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.
Шурӯъ аз 20-уми март Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони кишвар метавонанд дар масҷидҳо намоз гузоранд, лекин баъд аз як моҳ боз онҳоро баст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.