Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ронандаи автомашинаи боркаш, ки ба чуқурӣ чаппа шуда, бар асари он 4 кас ҳалоку 8 тан бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон хабар дод, парванда нисбати ронандаи автомашинаи боркаши “ЗИЛ-ММЗ-554” Асҳобиддин Раҷабзода мутобиқи моддаи 212, қисми 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 17 август  ронандаи ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” дар ноҳияи Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 16-метр чаппа шуд.

Дар вақти рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт 12 нафар дар автомашина қарор доштаанд, ки аз маросими ҷаноза бармегаштанд.

Бар асари ин ҳодиса Амриддин Ёқубзодаи 17-сола, Шамсиддин Абдуалимови 19-сола, Расулҷон Нуриддинови 37-сола ва Содиқ Каримови 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Боз 8 нафари дигар осебдида дар бемористон бистарианд ва таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.