Як зани 20-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони дуздии маблағ ва телефони мобилӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои ВКД,  сокини шаҳри Бохтар Ҳамза Каримов ба РВКД дар вилояти Хатлон, бобати аз манзили истиқоматияш аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ ариза додааст.

“Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур як нафар сокини шаҳри Турсунзода, деҳаи Файзобод, Пӯлод Муслимаи 20-соларо ҳамчун гумонбари ин ҷиноят дастгир намуданд”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, дар хонаи ҷабрдида чанд муддат иҷоранишин буда, шабона, ҳангоме, ки соҳибхонаҳо хоб будаанд, 16 ҳазор сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy S9»-ро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Сурат: Маркази матбуоти ВКД ҶТ

Зикр мегардад, ки нисбати Пӯлод Муслима дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.