Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раҳбари як ҷамоатро дар ҷануби кишвар ба иттиҳоми гирифтани пора бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Амирхон Ҳалимов ҳангоми кор дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба чунин ҷурм задааст.

Гуфта мешавад, ӯ санаи 1 июни соли равон аз шаҳрванд   “А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5 ҳазор сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд.

“3 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 9 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки феълан вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б.  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.