Суди шаҳри Норак сокини маҳаллӣ М.Сайтовро дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, тӯйи домодии писарашро ӯ бо додани ду намуд таом ба анҷом расонидааст.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён Ш.Гулов низ чунин ҷазо гирифт.

Дар тӯйи домодии писараш ӯ “маслиҳатошӣ”, ки қонун манъ намудааст, барпо карда, муддати ду рӯз тӯй гузаронидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳангоми овардани арӯс зиёда аз чор автомашина иистифода кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.