Кормандони милитсияи пойтахт  барои таҳқири ҷавонзани ношинос  Раҳматулло Раҳматуллоев, собиқ корманди масъули дафтари матбуотии Вазорати фарҳангро боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе, дар ин бора бо аризаи шикоятӣ як нафар ҷавонзани 39-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсияи муроҷиат намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин зан қайд карда шудааст, ки  нисбат ба як нафар ҷавонписари ношинос чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро ин ҷавонписар пайваста ба телефони мобилии ӯ занг зада, бо суханони қабеҳ ин занро мавриди таҳқиру дашном қарор медодааст.

Гуфта мешавад, ки зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар марди 51-сола, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор Раҳматулло Раҳматуллоев мебошад.

“Ӯ ба кирдорҳои содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз доштааст, ки дар ҳақиқат ба рақамҳои мобилии ҷавонзан телефон карда, ӯро дашному ҳақорат намудааст”, - қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Зикр мегардад, ки бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Раҳматуллоев Раҳматулло парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ӯ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Раҳматуллоев дар соли 2013 ба ҳайси корманди масъули дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг фаъолият мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.