Суди ноҳияи Данғара сокини маҳаллиро барои таҷовуз ба номуси духтари худаш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Азизулло Абдуллоев тобистони соли 2017, вақти 16-сола будани духтараш ин амалро содир намудааст.

“Ӯ шабона назди духтараш меояд, - қайд мешавад дар хабар. - Духтар муқовимат нишон дода, ба ёрӣ даъват мекунад, лекин Абдуллоев бо болишт даҳони ӯро мепӯшонад, ки дар натиҷа духтар беҳуш мешавад”.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабаби танҳо ҳозир содир шудани ҳукм нисбати Абдуллоев маълумот дода намешавад.

Бо қарори суди ноҳияи Данғара, Азизулло Абдуллоев ба 25 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Далелҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон хеле кам ошкор карда мешаванд. Хешовандони ҷабрдидаҳо худашон ин далелҳоро пӯшониданӣ мешаванд. Танҳо шумори хеле кам аз ифшои чунин маълумот натарсида, ба судҳо муроҷиат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.