Санаи 7 сентябри соли 1923 барои мубориза бо ҷинояткорони байнулмилалӣ Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноятӣ - Интерпол таъсис дода шуд.

Имрӯз Интерпол созмони байнулмилалӣ ва байниҳукуматии пулиси ҷиноятӣ буда, бар асоси Оинномаи соли 1956 қабулшуда амал мекунад. Беш аз 190 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои Интерпол мебошанд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Соозмон дар мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, қочоқ ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, муқовимат бо ҳолатҳои сохтакории пулҳо, коғазҳои қиматнок, бандитизм ва терроризм аз ҷумлаи вазифаҳои Интерпол маҳсуб меёбанд.

Мо тасмим гирифтем, ки сомонаи Интерполро мавриди таҳлил қарор дода, огаҳ шавем, ки кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Интрепол ҷустуҷӯ мешаванд ва бо кадом сабаб?

Дар бахши “Огоҳиномаи сурх” (Красное уведомление) дар бораи 7309 нафар ҷинояткорон маълумот дода шудааст, ки миёни онҳо 29 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам зикр шудаанд.

“Огоҳиномаи сурх” - дархост ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи саросари дунё оид ба макони зист ва ҳабси пешакии шахсе мебошад, ки истирдод, интиқол ё даъвои судии ба ин монанд нисбати ӯ мавриди амал қарор мегирад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин рӯйхат ҳузур доранд, аз ҷониби Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Шахсоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд, дар рӯйхат зикр нашудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои мусоидат ё иштирок дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё террористӣ, инчунин гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноятпеша мавриди пайгард қарор гирифтаанд.

Синни аксари шаҳрвандони мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Тоҷикистон аз 25 то 40-соларо ташкил дода, миёни онҳо ду нафар занон низ ҳастанд: Комила Урунбоеваи 37-сола барои “иштирок дар гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноятпеша” ва Гулноза Бобошарифоваи 25-сола барои “иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ” мавриди пайгард қарор доранд.

Дар суратгузориши зер скриншот аз сомонаи Интерпол бо маълумот дар бораи ҳар кадоме аз шаҳрвнади Тоҷикистон, ки мавриди пайгард қарор дорад.

1/29

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.