Духтари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ба ҷисми дӯстдоштааш бензин рехта, ӯро оташ задааст.

Ин ҳодиса ҳанӯз рӯзи 28 август дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дода, ВКД Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод.

“Кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд. Ӯ аз ҳиссиёти рашк маъшуқаш -  ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз моеъи бензин оташ задааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Дар бораи сабабҳое, ки ба рашки духтар боис гардидаанд ва дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ҷавони 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.