Собиқ котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Миҷгона Музаффарзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ӯ ҳаноми дар мансаби котиби суд қарор доштанаш ба ин амали ғайриқонунӣ даст задааст.

Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2019 ӯ зимни иҷрои вазифаи котиби суд аз шаҳрванд М.Солеҳзода барои мусоидат ҷиҳати таъини ӯ ба вазифаи котиби суд 5 ҳазор доллар маблағ талаб кардааст.

“Аз ин маблағ 25 ҳазор сомонӣ (наздики 2,5 ҳазор доолар)-ашро гирифта, пардохти маблағи боқимондаро талаб мекунад, - хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ. - 15 январи соли 2020 М.Музаффарзода ба ивази маблағи боқимонда автомашинаи “Опел-Астра”-ро мегирад”.

Зикр мегардад, ки нисбат ба гумонбаршуда мутобиқи моддаи 247, қ.3-и Кодекси ҷиноятиии ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.