Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ки қаблан бо моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони пешниҳоди пора ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ барои рӯйпӯш сохтани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур ба кормандони милитсия маблағи калони пулӣ пешниҳод кардааст.

“Номбурда 27-уми июл дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза” дар Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намуда, баъдан бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.