Писари Ёқуб Салимов Абубакр Салимов дар саҳфаи инфиродияш дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки ба хонаи онҳо касе ҳамла накардааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо 22-сентябр хабар дода буданд, ки гӯё шаби 18-уми август ба хонаи Ёқуб Салимов, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба “Водонассос”-и шаҳри Душанбе бархе ниқобпӯшон ҳамла кардаанд.

Ҳамчунин далели ҳамла ба хонаи Ёқуб Салимовро Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД дар як суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” рад кард. Аммо то кунун назари худи Ёқуб Салимов дастрас нест ва маълум нест, ки худи ӯ ҳоло дар Душанбе ҳаст ё не. 

Расонаҳо хабар дода буданд, ки шаби 18-уми август гуруҳи мардони сиёҳпӯши ниқобдор ба хонаи Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандӣ ва вазири пешини корҳои дохиливу раиси кумитаи гумрук дар аввалҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ҳамла карда писари калони ӯро лату кӯб ва шишаҳои мошини “Ранҷ Ровер”-и ӯро шикастаанд.

Дар хабари паҳншуда гуфта мешуд, ки Ёқуб Салимов он шаб ба ВКД муроҷиат кардааст, вале бо гузашти наздик ба як моҳ омилони қазия боздошт ё муайян карда нашудаанд.

 ВКД: ба мо шикоят нашудааст

Сардори дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ба онҳо ҳеч шикояте дар бораи  ҳамла на 18-уми август ва на баъдтар ворид нашудаст.

 «Дар шуъбаи миллисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 18 августа ё ин шабу рӯзҳо ҳеч шикоят ё ариза дар бораи сурат гирифтани ҳамла ба хонаи Ёқуб Салимов сабт нашудааст. Ин иттилоъпарокании дурӯғ аст»,- гуфт Маҳмадзода.

«Мар касе назадааст»

Абубакр Салимов ҳамаи хабарҳои нашршуда дар мавриди ҳамларо рад карда, гуфтааст, ки онҳо дар воқеъ дар маҳаллаи “Водонассос” зиндагӣ мекунанд, аммо ӯро касе назадааст ва ҳамлае ҳам сурат нагирифтааст.

аз саҳфаи фейсбуки муаллиф

“Якум ин ки мо автомашинаи Ренҷ-Ровер надорем, ки ҳамаи хешовандон ва ҳамсояҳо медоданд. Дуюм, агар чунин ҳодиса мешуд аз овозҳои ҳархела ва доду вой ҳамсояҳо низ хабардор мешуданду зуд дар шаҳр овозаҳои гуногун паҳн мешуд. Ё ин ки дар камераҳои кӯча сабт мешуду мардум худашон ба таҳлука афтода, ҳамон замон дар Интернет паҳн мекарданд”,-навиштааст Салимов.

Ҳамчунин Абубакр навиштааст, ки ӯро касе қувваи ҷараён ва абзорҳои дигар лату кӯб накардааст, ки гӯё бистарӣ шуда бошад: “Шукр ки саломатиам хуб асту ҳеч кас маро латукуб накардааст ва аслан ба беморхона низ муроиҷат накардаам!”

Ёқуб Салимов 20 майи 1958 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва бахши шабонаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар поёни солҳои шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ яке аз чеҳраҳои маъруф дар доираҳои олами ҷинойӣ буд ва баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раҳбарии Тоҷикистон расид, вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Баъдан раиси кумитаи гумрук ва сафири Тоҷикистон дар Туркия буд.

Соли 1997 ӯро дар талоши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор карданд, ки ба хориҷи кишвар фирор кард. Соли 2003 дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. 25 апрели соли 2005 барои 15 сол равонаи зиндон гардид. Моҳи июни соли 2016 аз зиндон раҳо ва тавре ба расонаҳо гуфта буд аз сиёсат канор рафта ба зиндагии рӯзмараи худ машғул аст.