Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки як духтари 17-соларо аз худкушӣ раҳониданд, бо сипоснома қадрдонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, наҷотдиҳандагон Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов барои хизмати софдилона, саҳми арзанда гузоштан дар пешгирӣ аз ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ, наҷот додани духтари 17-сола  аз ҷониби сардори Бахши хуҷандии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд подполковник Мирзораҳим Абдуллоев бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки Сӯҳроб Мирзоев донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, шарики ӯ дар наҷоти ин духтар Баҳриддин Шарипов низ сокини шаҳр буда, муваққатан бекор аст. Ёдрас мешавем, ки духтари 17-сола, сокини деҳаи Чоруқдаррони шаҳри Гулистон буда, худро аз болои пул дар шаҳри Хуҷанд ба Сирдарё партофтааст.

“Наҷотдиҳандагони Раёсат ӯро аз об берун ва ба соҳил бароварда, кумаки зарурӣ расониданд”, - гуфта мешавад дар хабарнома. Ба шаҳрванд ёрии аввалини тиббӣ расонида шуда, баъдан ба кормандони ёрии таъҷилӣ  супорида шуд. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки бо сабабҳои вазъи оилавӣ (муноқиша дар оила) мехост худкушӣ кунад.

Ба иттилои манбаъ, бистарӣ шудан дар бемористонро духтар рад кардааст.

Аз аввали соли равон ин 6-умин ҳодисаи қасди ҷон аст, ки бо талоши имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд наҷот дода мешаванд. Аз ин пештар 3 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд (яке ноболиғ 12-сола), 1 нафар сокини шаҳри Бӯстон ва 1 нафари дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қасд доштанд даст аз ҳаёт бишӯянд, сари вақт наҷот дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.