Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Меҳроҷиддин Абдулмуминро барои даст кашидан аз тарбия ва нигоҳубини духтараш ба иҷрои 120 соат корҳои ҳатмӣ (яъне берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ) маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмили Сомонӣ, ин корҳоро ӯ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунад, бо давомнокии на зиёда аз 4 соат дар як рӯз  иҷро мекунад.

“Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2016 суд ӯро ба ҳар моҳ пардохт намудани алимент дар ҳаҷми 150 сомонӣ барои духтари худ, соли таваллудаш 2016 уҳдадор намуда, лекин М.Абдулмумин дидаву дониста қарори судро иҷро намекард”, - қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ба ҷуз иҷрои корҳои ҳатмӣ, ӯ инчунин зери назорати судиҷрочиён қарзҳо аз алимент (4 ҳазору 100 сомонӣ)-ро низ пардохт мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.