Суди ноҳияи Марказии шаҳри Тюмени Русия оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 55-сола ва 2 писараш (22 ва 28-сола) ҳукм содир намуд. Онҳо ба рабудани тоҷикистонии 19-сола Шаҳром Соҳибов гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре маркази матбуоти прокуратураи вилояти Тюмен хабар медиҳад, онҳо дар ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор эътироф гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли 2019 мард ва писаронаш бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардани маблағи калон аз шиносашон - савдогари чормағз ва хушкмева Шаҳром Соҳибови 19-сола нақша тарҳрезӣ кардаанд.

“Шоми 22 ноябри соли 2019 мард бо баҳонаи харидани ҳамаи маҳсулот савдогарро ба хонааш меорад, ки дар он ҷо ду писараш будаанд. Дар он ҷо дасту пойи Шаҳромро бо скотч баста, дар анборхона маҳкам ва барои раҳо карданаш 2 млн рубл маблағ талаб мекунанд. Баъдан талаби маблағ то 500 ҳазор рубл пойин оварда мешавад”, - қайд мешавад дар сомонаи прокуратура.

Шаҳром мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд

Гуфта мешавад, шоми 27 ноябр ба Шаҳром муяссар мегардад, ки аз дасти онҳо гурезад: ӯ фурсати қулайро интихоб карда, тирезаро мекушояд ва бо сару пойи луч худро ба кӯча партофта, ба яке аз даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматӣ медарояд ва дари хонаҳоро тақ-тақ мекунад.

“Бо телефони яке аз сокинони ин хонаҳо ӯ ба падараш занг мезанад. Падараш такси фармоиш дода, бо он Шаҳром ба хона меояд. Баъди чанд рӯз тамаъҷӯён аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуданд”, - омадааст дар маълумот.

Бо ҳукми суд падари хонавода ба 9 ва писаронаш 8-солӣ ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Ғайр аз ин, суд аз маҳкумшудагон  ба нафъи ҷабрдида 300 ҳазор рубл ҷуброни зиёни маънавӣ рӯёнидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории мустақили “Ахбор”, ин падару писарон низ зодагони Тоҷикистон будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.