Оҷонсии мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба нозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, ки бо гумони қаллобӣ боздошт гардид, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.  

Ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Алишер Нарзиев дар вазифаи нозири зеристгоҳи «Навбаҳор»-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. ва писари ӯ - Рабиев Д.Н. бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, яъне барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва ба расмият даровардани шарти техникӣ, дар чанд ҳолат маблағи умумии 3950 сомониро гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдораш ба номбурдагон зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Дар ин асос нисбат ба Нарзиев А.Н. бо моддаи 247 (Қаллобӣ) қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.