Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе се нафарро ба гумони ғорати маблағи ниҳоят зиёд дастгир намуданд.

Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нимаи рӯзи 14 октябр дар маҳаллаи Дарвози пойтахт шахсони номаълуми ниқобпӯш ба директори ҶДММ “Оли Сомон” Илҳомҷон Қурбонов дарафтодаанд.

“Бо истифода аз зӯроварӣ онҳо аз дохили автомашинаи шахсиии ӯ - тамғаи «Лексус RX-350» маблағи нақд ба миқдори 406 ҳазор доллар ва 1 млн 100 ҳазор сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия ҳамагӣ бо гузашта 1 шабонарӯз ҷиноятро ошкор намуда, ба гумони даст доштан дар он  се нафар гумонбаронро дастгир ва боз ду нафарро мавриди ҷустуҷӯ эълон карданд.

Гумонбарони дастгиршуда инҳоянд: Далер Шамсидиинови 36-сола, Шавкат Эргашеви 38-сола, Абдуламон Достиеви 28-сола, ҳама зодагон ва сокинони шаҳри Душанбе.

1/3

Фирӯз Азизови 29-сола, зодаи ВМКБ, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт ва Бодур Исматови 32-сола, сокини пойтахт мавриди ҷустуҷӯ эълон шуданд.

1/2

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ба нафароне, ки дар бораи макони будубоши Азизов ва Исматов маълумот медиҳанд ё кумак мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ҳамаи ин панҷ нафар аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша буда, ин ҷиноятро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд.

Зикр мегардад, ки аз маблағҳои тасарруфкардаи гуруҳи ҷиноӣ 1 млн 123 ҳазор сомонӣ ва 136 ҳазор доллар дарёфту мусодира шуда, барои барқарор намудани боқимонда маблағ чораҳои дахлдор идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.