Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонӣ, пас аз баррасии ниҳоии парвандаи баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо созмони “Интернеюси Тоҷикистон” ҳукум баровард, ки Қодиров ба ҷойи кораш барқарор шавад.

Ҳамчунин дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки  маоши 8-моҳаи Қодиров, аз моҳи апрел то ноябр ва 20 ҳазор сомони дигар хароҷоти ӯ барои баҳси додгоҳӣ пардохта шавад.

Ин ҳукмро Ҷурабек Ширинзода додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе,  имрӯз, 18 ноябр содир кард.

Дар ҷаласаи рӯзи 12-уми додгоҳӣ Абдумалик Қодиров изҳори умед карда буд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад.

Вакили дифои Internews дар ин додгоҳ Камолиддин Мухаммедов рӯзи 12-уми ноябр гуфта буд, ки ҷавобгар омода аст, ки ба тавофуқ бирасад ва ба Қодиров пешниҳод кард, ки мушовири дафтари Интернеюс дар Тоҷикистон шавад, вале ҷониби даъво инро рад кард.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Абдумалик Қодиров гуфт, ки “созиши пешниҳодкардаи Internews  баъзе “шартҳои асоратовар” дорад, ки ба Internews ҳаққ медиҳад ҳар вақте, ки мехоҳад ин созишро яктарафа қатъ кунад ва зерҳимояааш бояд аз ҳама гуна даъво даст бикашад”.

 Дар баробари ин, дар ҷаласаи пешини додгоҳӣ даъвогар дархост кард, ки далелҳои барканорияш шарҳ дода шавад, вале ҳимоятгари манофеи Internews, Камолиддин Мухаммедов посухи рӯшане надод ва гуфт, ки “ҳатман далеле вуҷуд дошта аст, ки бар асоси онҳо тасмим гирифта шуд созмон шартномаи кориро бо  Қодиров “тамдид намекунад”.

Худи Қодиров дар додгоҳ гуфт, ки ҳеч  “тамдид накардани шартномаи корӣ”-е вуҷуд надорад, зеро ӯ дар дасташ фармони “барканорияш”-ро дорад, ки бар асоси он ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

«Азия-Плюс» талош кард, ки назари ҷониби Internews дар Тоҷикистонро дошта бошад, вале то кунун ин кор имконпазир нашуд.  Вакили дифои созмон Камолиддин Мухаммедов содир шудани ҳукуми додгоҳро таъйид кард, вале гуфт, ки ваколати шарҳ додани онро надорад.

Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 инҷониб роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.

“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии ВАО равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Абдумалик Қодиров аз соли 2011 то ба “Интернюс” омадан роҳбари Намояндагии созмони байнулмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар гузашта дар чандин созмонҳои байналмилалӣ ва Сафорати ИМА дар Душанбе кор кардааст.

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик Абдумалик Қодировро барандаи ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои саҳмгузорӣ дар бунёди тарҳҳои гуногуни расонаӣ эълон кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.