Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар додааст, роҳбари намояндагии Ширкати холдингии "Само" дар ноҳияи Дустӣ Ятимов Ҳ. У-ро. бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон, бо миқдори 1648000 сомонӣ боздошт кардааст.

Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз 18 ноябр иттилоъ дод, Ятимов Ҳ. У., ҳангоми роҳбари филиали ҶСП Ширкати холдингии "Само" дар ноҳияи Дустӣ будан, бо аз мақоми хизматиаш суъистифода намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Эргашов А. бо роҳи фиреб ва суъистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Примқулов Чорӣ барои аз ҳудуди деҳаи Гоголи Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ ҷудо намудани ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га., маблағи 130 000 сомонӣ талаб намуда ин маблағро гирифта тасарруф намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ғайр аз ин, Ятимов Ҳ.У. ва дигарон бо чунин тарзу усул аз шаҳрвандон Ахматов С. маблағи 65000 сомонӣ, Усанов А. маблағи 189000 сомонӣ, Джумаков Қ. маблағи 120000 сомонӣ, Худойбердиев Х. маблағи 130000 сомонӣ ва Бойбуриев Б. маблағи 900000 сомонӣ гирифта, онҳоро тасарруф намуда ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бино ба иттилоъи Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳамин тариқ, Ятимов Ҳ.У. ва дигарон ҷамъ маблағи умумии 1648000 сомонии шаҳрвандонро гирифта тасарруф намудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки вобаста ба қазияи мазкур нисбат ба Ятимов Ҳ. У. бо моддаи 247 (қаллобӣ),қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.