Дар шаҳри Братски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи чӯбу тахта ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба иттилои суди шаҳри Братск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба фурӯш ва қочоқи чӯбу тахтаи ғайриқонунӣ тайёршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул будааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноятпеша бастаи ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн рубл чӯбу тахта фурӯхтаанд.

“Суд мардро ба 5 соли зиндони низомаш сахт ва инчунин манъи машғул шудан ба фаъолияти хариду фурӯши чӯбу тахта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл маҳкум кард”, - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ба сифати ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо суд пурра иқрор шудан ба гуноҳ, пушаймонӣ аз содир кардани он, мусоидат ба ошкор кардани ҷиноят, фарзандони хурдсолро дар тарбия доштан ва вазъи солимии гунаҳкорро ба инобат гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.