Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар Сафарова Латофатро боздошт кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, Сафароваро бо гумони ришваситонӣ боздошт кардааст, ки аз як довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои дохил кардан ба ин донишгоҳ 49300 гирифтааст.
“Сафарова Латофат бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49300 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст”.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти оҷонсии зидди фасод нисбат ба Сафарова Латофат бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
4 қоидаи хондани хабар дар бораи ваксинаҳои COVID-19
Зиндони хоси Тоҷикистон барои маҳкумшудагони терроризм фаъол мешавад
Вакилон бидуни баррасӣ фармонҳои президентро тасдиқ карданд
Соли 2021 Душанбе чӣ гуна тағйир меёбад?
Мансурҷон Умаров: коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон низ комилан нест шуд
Дар Маскав масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд
Тоҷикистон боз дар гуруҳи кишварҳои фасодзадаи Шохиси фасодкорӣ
Таҳқиқ: Фавт дар соли 2020 зиёд шуд. Чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтид?
Дарёи Душанберо чӣ гуна метавон наҷот дод? Нигаронии экологҳои пойтахт
Талаби 15 соли зиндон барои Маҳмурод Одинаев
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста