Додгоҳи шаҳри Истарвашан оғози моҳи октябр Ҳасан Нарзуллоев, собиқ раиси осоишгоҳи табобатии “Ҳавотоғ”-ро бо ҷурми дар фосилаи 12 сол истифодаи оби маъданӣ ва насупуридани пули он 141 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баста буд. Вай аз ҳукми суд норизост ва иддао дорад, ки ҷаримаи бузурги ба ӯ басташуда бозбинӣ шавад.  Акнун баъди бетағйир мондани ҳукми додгоҳи Истаравшан  тасмим дорад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Ҳасан Нарзуллоев, муассис ва мудири пешини “Ҳавотоғ”-ро оғози моҳи октябр додгоҳи Истаравшан дар пайи шикояти раиси ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотоғ“ дар асоси моддаи 245, қисми 4 бани “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷаримаи ҳангуфте баст. Ӯ бо ҷурми истифода ва напардохтани маблағи оби маъданӣ дар солҳои 2006 то майи 2018, ки 9728 тонна ҳисоб шудаву аз қубури “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” ба муассиса меояд айбдор мешавад. Бино ба ҳукми додгоҳ Нарзуллоев замони раҳбарияш ин миқдор оби маъданиро барои муолиҷаи беморони муассисаи табобатияш истифода бурдаву маблағи обро ба “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” надодааст.

Ҳасан Нарзуллоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҷаримаи 141 ҳазору 800 сомонии аз ӯ ситонидашударо ҳосили натиҷаи “далелҳои тахминӣ” номид ва иддао дорад, ки “ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси оби маъданӣ” дигарбора санҷида шавад. Қаблан додгоҳ бо пешниҳоди Нарзуллоев ташхиси оби маъданиро анҷом дод, вале натиҷааш он чи ки мехостанд надод, баръакс бар зиёни худи ӯ ҳал шуд.

“Экспертиза ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба инобат нагирифта, хуллосаи худро ба 141 ҳазору 800 сомонӣ оварда монд. Онҳо нархи обро 15 ва 33 сомонӣ ҳисоб карданд. Аммо дар 12 соле, ки онҳо маро об гирифту пули онро напардохт гуфта айб монданд нархномаи об низ якхела набуд. Ҳуҷҷати асосӣ, ки барои муолиҷа 5 сомонӣ аст ба инобат нагирифтанд. Як куби об 15 ва 33 сомонӣ ин нархномаи об барои заводҳои обистеҳсолкунӣ аст, вале маро аз рӯйи ин нархнома дар ин солҳо ба пуррагӣ фаъолият бурду об гирифт гуфта айбдор карданд, ки аслан чунин нест ва муассиса мавсимӣ фаъолият мекунад”,-

Қаблан дар оғози баҳсҳои додгоҳӣ нисбат ба мудири “Ҳавотоғ” маблағи қарздорӣ аз оби маъданӣ 1 миллиону 51 ҳазору 776 сомонӣ ҳисоб шуд, вале баъди пешниҳоди далелҳо он ба зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ ва ниҳоят ба 141 ҳазору 800 сомонӣ кам гардид.

Asia-Plus

 “Осоишгоҳи Ҳавотог” муассисаи табобатии “Ҳавотоғ”-ро ба додгоҳ кашонд

Абдураҳим  Маҷидов, раҳбари ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотог”, ки то як сол пеш нафари зери шикояташ ҷойгузини ӯ буд мегӯяд, Нарзуллоев ба ҷузъ раиси ин осоишгоҳ будан замони раҳбарияш оби маъданиро барои муолиҷаи беморони муассисаи табобатии шахсияш “Ҳавотоғ” истифода бурда, маблағи обро барнагардонидааст. Аммо худи Ҳасан Нарзуллоев то ба имрӯз ин иддаоро беасос мехонад ва мегӯяд, фаъолияташ дар чаҳорчӯби қонун буд ва дар оғози фаъолият, аз баски чоҳи оби маъданӣ аз Шӯравӣ ба мерос мондаву оби он ба маҷрои сой равон мешуд касе ҳаққи истифодаи обро намепурсид.

Вале Маҷидов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҳасан Нарзуллоев дар 20 сол фаъолияти муассисаи табобатияш бе бастани шартнома оби маъданиро истифода кардааст, ки дар натиҷа ба “Осоишгоҳи Ҳавотог” хисороти зиёд расонидааст.   

 “Чоҳи оби маъданӣ ба “Осоишгоҳи Ҳавотог” нигоҳ мекунад мо андоз пардохт мекунем ва зарурат пеш омад таъмир мекунем. Муассисаи  табобатии “Ҳавотоғ” аз соли 2001 маблағи обро напардохтааст ва бо ҷамъияти мо шартнома ҳам накардааст. Ба ман онҳо пулро кам доданд. Шумо медонед, давоми 20 сол бояд чанд пул диҳанд. Ман худам як сол шуд роҳбари ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” таъин шудам дар асоси тафтишоти мутахассисон тахмин 1 миллион сомонӣ
ҷарима дарёфта буданд. Мо ҳам норозӣ навис-навис карда истодаем, ки пули додаашон ба мо кам аст.”-мегӯяд, Абдураҳим  Маҷидов

Аммо Ҳасан Нарзуллоев мегӯяд, ӯ ҳангоми оғози кор дар соли 2002 то 2005 обро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегирифт ва соли 2005 бо осоишгоҳи Ҳавотоғи Иттифоқҳои касаббаи ҷумҳурӣ шартномаи бемӯҳлат баста буд. Дар асоси ин шартнома “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” ба муассисаи ӯ оби маъданӣ медод ва бар иваз оби полезӣ мегирифт, ки дар он вақт “пардохти маблағӣ об вуҷуд надошт ва ягон кас дар ин маврид сухан намекард”-мегӯяд, Нарзуллоев.

Ҳасан Нарзуллоев

Шамсиддин Орипов, муовини сардори Нозироти андози шаҳри Истаравшан ба Азия-Плюс гуфт, “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” соли ҷорӣ ҳамаи намуди андоз аз ҷумла маблағи андоз барои захираҳои табииро пардохт кардааст. “Ҳамин сол андозҳои ҳисобшуда барои захираҳои табиӣ ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотог” 3518 сомонӣ ҳисоб шуда ба маблағи 5163 сомонӣ пардохт кардааанд. Аммо намедонам, эъломия пешниҳод кардаст ва барои кадом солҳо аст барои ман низ норӯшан аст. Агар дар маҷмӯъ гирем ҳамаи намуди андози ин осоишгоҳ зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳисобшуда дошта, 100 ҳазор сомонии маблағи андозро супоридааст.” 

Ҳомиёни ҳуқуқ чӣ мегӯянд?

Ҳасан Нарзуллоев ба ҷузъ муассиси Хавотоғ будан ҳамзамон аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ҳаст. Ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Муҳаббат Ҷӯраева ӯро, ки аъзои Иттифоқ аст дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳимоят кардааст. Ҳуқуқшинос баҳси асосии ин қазияро дар он медонад, ки  чашмаи оби маъдании барои табобат пешбинӣ шударо ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотог” ғайриқонунӣ ба тавозуни худ гирифтааст ва ҳамакнун аз муассисаи табобатии “Ҳавотоғ” талаб дорад, ки маблағи обро пардохт кунад.

“Тибқи талаботи моддаи 13-и Конститутсияи ҶТ замин, сарватҳои зеризаминӣ, чашмаҳо ҳамаи ин моликияти истисноии давлат ҳисоб мешавад ва онро ягон корхона ва ё ҷамъият ба баланси худ гирифта аз они ман гуфта наметавонад”,-

Валӣ Набизода, ҳимоятгари Ҳасан Нарзуллоев ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди он, ки додгоҳи Истаравшан шикояти онҳоро дар мавриди санҷиши такрории оби маъданӣ бетағйир гузошт, онҳо ба коллегияи суди вилояти Суғд аризаи шикоятӣ ирсол карданд.

Аз додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки рӯзи 18-уми ноябр коллегияи додгоҳи вилоятӣ ҳукми қаблан содиркардаи додгоҳи Истаравшанро бетағйир гузошта дигарбора ба ин додгоҳ ирсол кард.

Ҳасан Нарзуллоев низ мегӯяд, дар сурати бетағйир мондани аризаи шикоятияш ӯ ба суди болоӣ муроҷиат хоҳад кард то одилона ба баҳс нуқта гузоранд.

Баҳси оби маъданӣ ё якҷоякунии ду муассиса дар Истаравшан?

Моликони муассисаи табобатии “Ҳавотоғ” бар он назаранд, ки “Осоишгоҳи Ҳавотоғ” бо баҳси пардохти маблағи оби маъданӣ ва ҷаримабандии ҳангуфт мехоҳанд муассисаро барҳам зананд ва зери дасти худ бигиранд. ҶСК “Осоишгоҳи Ҳавотог” дар баланси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи давлатӣ аст ва роҳбари он  Абдураҳим  Маҷидов, мегӯяд баҳонаи ҷаримабандии зиёд ба хотири барҳамзадани муассисаи “Ҳавотоғ” ва ба тобеияти худ гирифтани он беасос аст.  “Ҳамаи ин даъвоҳо ва он чи ки муроҷиат мекунанд беасос ас,т ягон хел ҳуҷҷат ва тасдиқи худро надорад. Инҳо ба сиёҳ кардани як кас одат карданд. Қарори ҳукумат ҳаст, масъулини муассисаи табобатии “Ҳавотоғ” худашон ба Кумитаи сармоягузорӣ мактуб навиштаву имзо гузошта ирсол кардагӣ, ки ҳамин муассисаро гиретон”.

Аммо Ҳасан Нарзуллоев ин гуфтаҳоро инкор мекунад ва мегӯяд, дар сурати барҳам  хӯрдан ва якҷояшудан ӯ бояд ҳуҷҷатҳоро месупорид, ки ҳоло чунин нашудааст.

Муассисаи давлатии табобатии “Ҳавотоғ” дар ҳудуди ҷамоати Ниҷонии Истаравшан ҷойгир буда тахмин дар 25 километр дур аз маркази шаҳр ҷойгир аст. Фаъолияти мавсимӣ дошта беморони дучори асаб, пӯст, рӯдаву меъда ва зоб барои муолиҷа бо оби шифобахши маъданӣ ба ин ҷой меоянд.  Чашмаҳои оби "Ҳавотоғ" миёнаи асри гузашта, соли 1948 дар минтақаи наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қисмати Истаравшан кашф гардида то ба имрӯз осоишгоҳу табобатгоҳ аз он истифода мебаранд. Вале солҳои ахир бино ба гуфти масъулин оби Ҳавотоғ аз чуқурии 1580 метр кам рӯйи замин мебарояд ва аз ин рӯй баҳси “азонихудкуни”-и оби маъданӣ низ дар миён омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.