Кормандони милитсияи пойтахт ду далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқро дар Душанбе ошкор намуданд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ зарар расид.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Шодӣ Бобоёров дар манзили ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии н. Фирдавсӣ нерӯи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст.

РВКД Душанбе

Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, ки Файзулло Урозов, сокини пойтахт бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловат соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

“Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тасфон истифода карда, бо ин васила ба талофоти барзиёди нерӯи барқ роҳ додаст”, - қайд мешавад дар хабар.

РВКД Душанбе

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон санадҳои лозима тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.