Зани 30-сола кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғараро фиреб намудааст, ки шахси ниқобпӯш ӯро бо корд захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Вале ВКД иттилоъ медиҳад, ки ин зан баъди муноқиша бо модараш бо мақсади худкушӣ  бо корди ошхона 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, дар беморхона бистарӣ мегардад. Ва номбурда танҳо барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш содир гардидааст.

Гуфта мешавад, дар аризаи номбурда гуфта шудааст, ки шаби 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.

Зимнан зикр мегарад, ки далели шайъӣ - 1 адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.