Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ду ёрдамчии калони сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо итиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ бо маблағи 29 ҳазор сомони ҷарима намудааст.
Ҳотам Раҷабзода, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин ду нафар Умед Гадоев 36-сола ва Хуршед Бедилов 35-сола яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини шаҳри Душанбе мебошанд.
Онҳо замони дар вазифаи собиқ ёрдамчии калони зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намуданашон, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб даст ба ҷиноят задаанд.
Ба гуфтаи Ҳотам Раҷабзода, Умед ва Хуршед санаи 4 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Далер Мирзоев барои ба номи ҷиянаш - Меҳроҷ Кароматов омода кардаву додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 4200 сомонӣ талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Хуршед ин маблағро гирифта бо Умед, тақсим карда, ба манфиати шахсиашон сарф намуданд. Онҳо бо истифодаи бланкаи қалбакии шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии силсилаварақаи ҶТ №0446529, ки бо истифодаи техникаи компютерӣ тайёр намудаанд, маълумотҳои шахсиятии даъватшаванда Кароматов М.Р.-ро дар ин ҳуҷҷати қалбакӣ ворид намуданд.
Онҳо ин ҳуҷҷатро бо роҳи сохтакорӣ таҳриф карда, онро бо санаи пешакӣ содир карда, дар он муҳр ва сиккаи аслии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро пинҳонӣ аз роҳбариат гузошта, дар сатри собиқ комиссари ҳарбӣ худашон имзо намуданд. Ин ҳуҷҷати баръало қалбакӣ ва бардуруғро барои истифодабарӣ ба Мирзоев Д.М. супориданд, ки бо ин ҳаракати қасдонаи худашон ба шаҳрванд Мирзоев Д.М. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.
Ҳотам Раҷабзода гуфт, суд нисбати онҳо бо моддаи 247 (қаллобӣ) қисми 3 банди “а” ва моддаи 340. (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат), - КҶТ ҳукум бароварда, бо маблағи 29 ҳазор сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҷарима намуд.
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста