Рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Маҳмурод Одинаев, сокини шаҳри Ҳисор нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш Меҳринигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Ҳоҷиакбар Одинаевро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
“Ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда, ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, бинобар ин, аз рӯи маводҳои гирдоварда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020 бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии ҶТ (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
“Бинобар сабаби ба даъвати чандинкаратаи кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти ШВКД дар шаҳри Ҳисор вогузор карда шуд”, - таъкид мешавад дар хабари Прокуратураи генералӣ.
Рӯзи 5 декабр зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Маҳмурод Одинаев дастгир ва ба прокуратураи шаҳри Ҳисор дастрас карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш. дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад.
Аз рӯйи моддае, ки мувофиқи он нисбат ба ӯ айбдорӣ пешниҳод шудааст, ба Маҳмурод Одинаев ба муҳлати то 5 сол ҳукми зиндон ё ба маблағи аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Қобили зикр аст, ки Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста