Чанд рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат аз сокинони Душанбе 350 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-ро дарёфту мусодира намуданд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе аз ду сокини 20-сола ва як сокини 18-солаи пойтахт зиёда аз 20,500 ҳазор маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира шуд.

1/3

«Баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии волидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғул мешаванд, - омадааст дар хабари Раёсат. - Барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд», - гуфта шудааст дар хабар.

Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 (Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.