Суди шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар сокинони 28-солаи пойтахт - Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки ба қатли ду нафар ҷавонзан бо бераҳмии махсус гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в”, “з” ва “п”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) айбдор карда шуда, ба онҳо ҷазо дар шакли 15-20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ё ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукм нисбати Сафаров ва Раупов дар арафаи фарорасии Соли нав содир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябр кормандони милитсияи пойтахт ҷасадҳои ду ҷавонзани сокини Душанбе - Замирамоҳ Ҳайдарова ва Меҳрафрӯзи Холмирзоро аз теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб дарёфт намуданд, ки қаблан бедарак шуда буданд.

Замирамоҳ Ҳайдарови 31-соларо пайвандонаш аз моҳи январи соли 2018 ҷустуҷӯ дошта, Меҳрафрӯзи Холмирзои 18-сола аз моҳи апрели соли 2020 бедаракшуда дониста мешуд.

Ба гумони даст доштан дар қатли ҷавонзанон ду сокини Душанбе - Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов боздошт шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД, гумонбаршаванда Дониёр Сафаров бо Замирамоҳ Ҳайдарова муддати тулонӣ шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст. Моҳи январи соли 2018 ӯ ҳамроҳи Саъдулло Раупов баъд аз мавриди лату кӯб қарор додани Замирамоҳ Ҳайдарова, ӯро дар бағоҷи автомашинаи худ ҷойгир ва бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд.

Сипас ҷавонзанро боз мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонанд ва ба хотири пинҳон намудани изи ҷинояташон, ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50-метр зери хок пинҳон кардаанд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Саъдулло Раупов ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба автомашинаи шахсии худ савор намуда, ба қаламрави ноҳияи Варзоб мебарад.

Ӯ ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро карда, баъди аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад ҷавонзанро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад ва ӯро низ ба ҳамон чуқурии дар боло зикршуда зери хок пинҳон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.