Баъди арзу шикояти сокинон беш аз 30 нафар ронандагон, ки автомашинаҳои худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамаи ҳолатҳои қоидавайронкунӣ бо аксҳои иловашуда аз ҷониби сокинони шаҳр фиристода шуда, дархост шудааст, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

“Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки аксарияти ронандагони дар аксҳо иъикосгардида, автомашинаи худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ки ин амали онҳо боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандон гардидааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, ҳамаи ронандагони зикршуда дарёфт ва мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода шуданд.

Ҳамчунин онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.