Як афсари неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо миқдори калони маводи нашъовар боздошт шудааст. Бино ба фарзияи тафтишот, ӯ бо қочоқбарони афғон ҳамкорӣ доштааст.

Дар қаламрави ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 18-уми декабр бо гумони даст доштан дар қочоқи ҳаҷми калони маводи мухаддири аз Афғонистон интиқолшуда лейтенанти калони 25-солаи неруҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст. 

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ҳангоми кофтукови мошини ӯ 146 кг маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира кардаанд, иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, афсаре, ки дар отряди ноҳияи ҳаммарзи Дарвози ВМКБ бо Афғонистон хидмат мекардааст, қасд дошт 101 кг афюн ва 45 кг ҳашишро ба пойтахт интиқол диҳад.

Тафтишот тахмин кардааст, ки афсари боздоштшуда дар ҳамоҳангӣ бо қоччоқбарони афғон барои расонидани мухаддирот ба навоҳии марказии Тоҷикистон тавофуқи ҷиноӣ кардааст.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот талош дорад ҳамроҳони дигари ин қочоқбарро ошкор кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.