Сокини 23-солаи пойтахт Мубин Ҳасанов, ронандаи автомашинаи «Тойота-Кемри» ба гумони даст доштан дар пахш намудани пиёдагард боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он як нафарро пахш кардани автомашина дар роҳгузар ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задани ронанда дида мешавад.

Гуфта мешавад, дар навори видео рақамҳои автомашина 2001ОQ 01 дида мешаванд, ки тариқи он кормандони милитсия соҳиби автомашина ва шахсияти гумонбарро муайян кардаанд, ҳарчанд пас аз ин ҳодиса ронанда рақамҳои автомашинаро ба 0327 АВ 01 иваз кардааст.

Ҳодиса рӯзи 10 декабр дар яке аз кӯчаҳои пойтахт рух дода, автомашинаи «Тойота-Кемри» зимни бозистодан ба амри ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва баъди сабз шудани ранги чароғак ба таври шитобкорона ва якбора бо суръати баланд автомашинаро ба ҳаракат даровардааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғро зада аз пой афтондааст.

Ҷабрдида хонадаи синфи 8-уми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт буда, хушбахтона, осеби ҷиддӣ надидааст.

Пас аз ин ҳодиса ронада аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, худи ҳамон рӯз расман рақамҳои автомашинаро иваз ва  автомашинаи худро ба ноҳияи Муъминобод бурда пинҳон кардааст.

Зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати шаҳрванд Мубин Ҳасанов тибқи талаботи моддаҳои 334 ва 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.